Бино ба гузориши Агентии ахбории "Абно" ба нақл аз шабакаи "Ал-Маёдин", Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла гуфт: "Мардуми Иёлоти Муттаҳида бояд дар ин лаҳза нақши муҳиммеро барои ҷилавгирӣ аз рух додани ҳодисае ифо кунанд, ки ба гуфтаи ӯ метавонад ба фоҷиае барои тамоми қитъаи Амрико табдил шавад."
Вай изҳор дошт: "Сулҳ ва ҳуқуқи байналмилалӣ дар Венесуэла пирӯз хоҳад шуд ва миллати Венесуэла хоҳад тавонист субот ва ҳаққи мавҷудияти худро бо ҳокимияти комил ба даст орад."
Мадуро дар бахши дигаре аз суханронии худ пурсид: "Оё дар ҷустуҷӯи «Ғаззаи дигар» дар Амрикои Ҷанубӣ ҳастанд?"
Вай хитоб ба мардуми Амрико гуфт: "Башарият ҳамчунон аз дарди ношӣ аз «наслкушӣ дар Ғазза» ба андозаи кофӣ ранҷ мекашад."
Your Comment